Ноябр 28, 2017 12:30 Asia/Dushanbe
  • Маҳдуд шудани ҳаракат дар роҳи Душанбе–Хуҷанд

Масири Душанбе–Хуҷанд, ки бар асари бориши барфи зиёду яхбандон баста шуда буд, танҳо барои ҳаракати мошинҳои саворӣ боз шудааст.

Ба иттилои Ахбор, бар асари бориши барфи зиёд дар километри 62 то 84 масири Душанбе–Хуҷанд, танҳо роҳе, ки шимоли Тоҷикистонро ба марказ муттасил мекунад, ҳаракати васоили нақлия имконнопазир шуда буд.  

IRS, ки масъуляти ироаи хадамот дар ин танҳо роҳи пулии Тоҷикистонро дорад, бо тайиди мушкил эълом карда буд, дар талош аст, то ҳарчи зудтар ҳаракати васоили нақлия дар ин масир аз сар гирифта шавад.

Чанд рӯз қабл дар паи ҳушдори идораи ҳавошиносии Тоҷикистон дар бораи бориши барфи зиёд дар манотиқи кӯҳистонӣ, масъулони ширкати IRS аз омодагии хеш барои таъмини ҳаракати васоили нақлия дар масири Душанбе–Хуҷанд хабар дода буданд.

Бино ба гуфти онҳо, барои фаъолият дар зимистон 10550 метри мукааб қум, 1010 тонна намак, 227270 литр сӯзишвори дизелӣ захира кардаанд.

Аз сӯи дигар, ронандагон аз амалкарди IRS, ки барои ҳаракати васоили нақлия дар ин роҳ пул дарёфт мекунад ва ба буҷети Тоҷикистон андоз намепардозад, ба шиддат муътаризанду мегӯянд, ин ширкат ба таъмиру нигаҳдории роҳи муҳими Душанбе–Хуҷанд аҳаммият намедиҳад.

Роҳи Душанбе–Хуҷанд ягона роҳи пулакӣ дар Тоҷикистон, ки ҳанӯз соли 2010 масъулияти нигоҳубинаш ба ширкати IRS вогузор шуд. Ин ширкат дар чанд минтақа аз ронандагони мошинҳои боркаш ва мошинҳои саворӣ ҳаққи убур дарёфт мекунад.