Боздошти донишомӯзон ба иттиҳоми бозиҳои компютерӣ
Командони идора пулиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе теъдоде аз хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахти Тоҷикистонро ба иттиҳоми ҳузур дар марокизи бозиҳои компютерӣ ва таблиғи хушунат боздошт кардаанд.
Ба гузориши хабаргузории “Ховар”, мақомоти пулиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе гуфтаанд, ки ин донишомӯзон дар марокизи бозиҳои компютерӣ саргарми мушорикат дар бозиҳои таблиғгари хушунат мавсум ба «Патриот», «Гугл» ва «AMG» будаанд, ки боздошт ва ба ин адора мунтақил шудаанд.
Аз дидгоҳи мақомоти пулиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҳузур ин донишомӯзон дар марокизи бозиҳои компютерӣ ва мушорикати онон дар мусобиқоти таблиғгари хушунат дар миёни насли ҷавон, нақзи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мебошад, ки метавонад ҷаримаи молӣ барои ин афродро дар пай дошта бошад. Зеро бидуни назорат гузоштани донишомӯзон метавонад мӯҷиби ҷазби ин афрод ба марокизи бозиҳои компютерӣ шавад, ки бо барномаҳои таблиғ кунандаи хушунат дар миёни насли ҷавон, заминаи бурузи рафторҳои ғайри ахлоқӣ ва даргириҳои гурӯҳӣ, дар миёни донишомӯзон дар мактабҳои шаҳри Душанберо фароҳам месозад.
Ҳамчунин дар рӯзҳои ахир илова бар мамнуияти истифода аз телефони ҳамроҳ ва ҳозир шудан бар сари синфҳои дарс бо худравҳои шахсӣ, пӯшидани ҷӯроби сафед барои донишҷӯёни бархе аз донишгоҳҳои Тоҷикистон мамнуъ шудааст.