Ноябр 30, 2017 10:34 Asia/Dushanbe
  • Тавсияи Бонки Аврупо ба Тоҷикистон барои афзоиши қимати барқ

Бонки рушд ва бозсозии Аврупо аз ҳукумати Тоҷикистон дархост кардааст, ки қимати барқи масрафиро дар ин кишвар афзоиш диҳад.

Ба гузориши CA-news, дар ҳоле ки аз аввали моҳи октябри имсол қимати барқи масрафӣ дар Тоҷикистон барои бахши хонагӣ ва марказҳои саноатӣ ва тиҷорӣ ба дархости Бонки рушди Осиё афзоиш ёфта буд, ин бор Бонки рушд ва бозсозии Аврупо чунин тақозоеро матраҳ кардааст.

Коршиносон мегӯянд, тақрибан ҳар сол давлати Тоҷикистон ба ин баҳона, ки шарти дарёфти вом аз ниҳодҳои молии байналмилалӣ, афзоиши қимати барқ бо ҳадафи беҳбуди хадамоти нигаҳдории хатҳо ва интиқоли барқ ба мардум аст, баҳоро боло мебарад, аммо бо дарёфти вомҳои калон ҳеҷ беҳбуде дар фаъолияти беҳинаи шабакаҳои интиқоли барқ дар Тоҷикистон мушоҳида намешавад.

Дар моҳи октябри имсол ҳукумати Тоҷикистон қимати ҳар як киловатт-соат барқи масрафӣ барои бахши хонагӣ, ки то кунун 14.6 дирам будааст, бар асоси таърифаҳои ҷадид ба 16.6 дирам расонд.

Бо ин ҳол Бонки рушд ва бозсозии Аврупо мӯътақид аст, ки бояд қимати ҳар киловатт-соат барқи масрафӣ барои бахши хонагӣ ва саноатӣ боз ҳам афзоиш ёбад.

Аз аввали моҳи октябри имсол марказҳои тавлидӣ ва саноатии Тоҷикистон низ барои масрафи ҳар киловатт-соат барқ 40.9 дирам пардохт мекунанд, дар ҳоле ки ин маблағ қаблан 35.6 дирам буд.

Дар солҳои охир танҳо корхонаи алюминии Тоҷикистон аз ин барнома мустасно будааст, ки арзонтарин барқро ба қимати 7.2 дирам дар тобистон ва 11.8 дирам дар зимистон дарёфт мекунад.