Ҷони сарбози тоҷик чӣ қадар меарзад?
(last modified Thu, 30 Nov 2017 06:11:15 GMT )
Ноябр 30, 2017 11:11 Asia/Dushanbe
  • Ҷони сарбози тоҷик чӣ қадар меарзад?

Дафтари Созмони ғайридавлатии озодиҳои иҷтимоии Тоҷикистон аз коҳиши ҳазинаи ҷуброни хисорати қатл ё маълулияти сарбозони неруҳои мусаллаҳ ибрози нигаронӣ кардааст.

Ба гузориши toptj.com, ин созмон эълом кардааст, ки чанд сол қабл ин маблағ 700 доллар буд, аммо акнун ба 200 доллар расидааст.

Бар асоси ин гузориш, баррасии Созмони озодиҳои иҷтимоии Тоҷикистон дар бораи пардохти маблағи ҷуброни хисорати қатл ё маълулияти сарбозони неруҳои мусаллаҳи ин кишвар дар мисоли се сарбози кушташуда ва як сарбози фалаҷшуда нишон медиҳад, ки ба волидайни кушташудагон ва ба сарбози маълул маблағи ночизе пардохт шудааст.

Вакилони мудофеъ ва волидайни Фирдавс Раҳматов сарбози кушташудаи яке аз воҳидҳои Вазорати дифои Тоҷикистон хостори пардохти маблағи 238 ҳазор сомонӣ шуда буданд, ки ба онон бо ҳукми додгоҳи низомии вилояти Суғд танҳо панҷ ҳазор сомонӣ пардохт шуд.

Додгоҳи низомии шаҳри Душанбе дар пайи кушта шудани Абдулваҳоб Қаюмов сарбози неруҳои марзбонии Тоҷикистон, ки бар асари лату куби ҳамхидматонаш ба қатл расидааст, ҳукм дод, ки бобати ин хисорати ҷонӣ ба волидайни сазбози кушташуда маблағи се ҳазор сомонӣ (муодили 340 доллар) пардохт гардад.

Ҳамчунин бо ҳукми додгоҳ ба волидайни Мақсуд Носиров сарбози кушташуда бар асари лату куби ҳамхидматонаш маблағи ду ҳазор сомонӣ (муодили 227 доллар) пардохт шудааст, дар ҳоле ки маблағи дархостии вакилони мудофеъ ва волидайни ин сарбози кушташуда 420 ҳазор сомонӣ буд.

Аз сӯи дигар барои ҷуброни хисороти ворида ба Шаҳбол Мирзоев сарбози фалаҷшудаи неруи марзбонии Тоҷикистон бар асари лату куби ҳамхидматонаш, ки аз сол 2014 дар додгоҳи низомии шаҳр Душанбе баррасӣ мешуд, маблағи чаҳор ҳазор сомонӣ (муодили 508 доллар) пардохт шуд, аммо дархости вакилони мудофеъ ва волидайни вай беш аз 300 ҳазор сомонӣ буд.

Хонум Дилрабо Самадова мудири Созмони ғайридавлатии озодиҳои иҷтимоии Тоҷикистон гуфтааст, ки дар ин кишвар дар солҳои охир додгоҳҳо ба дархости вакилони мудофеъ дар заминаи пардохти ҳазинаи ҷуброни хисорати қатл ё маълулияти сарбозони неруҳои мусаллаҳ, ки бар асоси ташхиси пизишки қонунӣ ироа мешавад, таваҷҷуҳ намекунанд.

Ҳамчунин мақомоти ҳукуматӣ дар Тоҷикистон муддаианд, ки ин маблағро бояд хонаводаи сарбозони дастдошта дар қатли ҳамқторонашон пардохт кунанд, ки дар шароити ин кишвар, ин амр ғайримумкин аст.

Бар асоси гузориши имсоли Созмони ғайридавлатии этилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон, дар ду соли охир беш аз 60 сарбоз дар воҳидҳои низомии маҳали хидматашон ба дасти ҳамхизматонашон лату куб шудаанд, ки барои ин иқдом ҳамагӣ 32 сарбоз ва афсар ба зиндон маҳкум шуда ва 12 тан аз онон афв шудаанд. Дар ин хушунатҳо 11 сарбоз кушта шудаанд.