Ноябр 30, 2017 11:44 Asia/Dushanbe
  • Тасвиби пружаи бунёди корхонаи тавлиди маводи тарканда дар Тоҷикистон

Парлумони ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбе тарҳи сармоягузории бунёди корхонаи тавлиди маводи таркандаро дар ноҳияи Данғара тасвиб кард.

Ба гузориши Азия-Плюс, Абдулмаҷид Муинзода муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон гуфт: Нахустин корхонаи тавлиди маводи тарканда дар ноҳияи Данғара аз ҷониби сармоягузорони ватанӣ ва чинӣ дар ҳаҷми наздик ба 20 миллион доллар зарфи ду сол бунёд мешавад ва мавриди баҳра бардорӣ қарор мегирад.

Муинзода афзуд: Бо роҳандозии ин корхона дар ноҳияи Данғара барои ҳудуди 200 нафар шуғли доим фароҳам хоҳад шуд, ки 80 дарсади ононро сокинони маҳаллӣ ташкил хоҳанд дод.

Бино ба иттилои Кумитаи давлатии сармоягузории Тоҷикистон, 51 дарсади саҳоми корхонаи тавлиди маводи тарканда ба Чин ва 49 дарсад ба Тоҷикистон тааллуқ дорад.

Дар марҳалаи аввал ҳаҷми тавлиди маводи таркандаи саноатӣ дар ин корхона 20 ҳазор тон дар сол хоҳад буд ва вобаста ба тақозои бозори дохилӣ ва хориҷӣ, содироти маҳсулоти он низ дар назар аст.

То имрӯз ҳамагуна анвои маводи тарканда барои эҳтиёҷоти кишвари Тоҷикистон аз хориҷ ворид мешавад.