Дидори Зоҳидӣ бо раиси муассисаи фарҳангии ЭКО
(last modified Thu, 30 Nov 2017 08:50:16 GMT )
Ноябр 30, 2017 13:50 Asia/Dushanbe
  • Дидори Зоҳидӣ бо раиси муассисаи фарҳангии ЭКО

Муовини аввали вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодии (ЭКО) дидор ва гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши сомонаи иттилорасонии Вазорати умури хориҷа Тоҷикистон, рӯзи чаҳоршанбе Низомиддин Зоҳидӣ муовини аввали вазири умур хориҷаи Тоҷикистон ва Муҳаммадмаҳдии Мазоҳирӣ раиси Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодии (ЭКО), масоили равобити фарҳангиро дар доираи ин муассиса ба баҳсу баррасӣ гузоштанд.

Баргузории барномаҳои бузургдошти шахсиятҳои маъруфи илму фарҳанг ва адаби Тоҷикистон, чопи китоб ва мақолаҳо дар маҷаллаҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва ҳамчунин баргузории намоишгоҳҳои гуногуни фарҳангӣ дар кишварҳои узви муассисаи фарҳангии ЭКО аз ҷумлаи мавзӯъҳое буд, ки дар дидори Зоҳидӣ ва Мазоҳирӣ баррасӣ шуд.

Рӯзи чаҳоршанбе 29 ноябр чаҳорумин нишасти серӯзаи раисони китобхонаҳои милли кишварҳои узви ЭКО дар шаҳри Душанбе бо судури баёнияе ба кори худ поён дод.

Муҳаммадмаҳдии Мазоҳирӣ раиси муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар суханронии худ дар маросими кушоиши ин нишаст пешниҳод дода буд, сол 2018 соли «фарҳанги китоб ва китобхонӣ» дар минтақаи ЭКО бошад.