Декабр 02, 2017 11:21 Asia/Dushanbe
  • Эъзоми ҳайъатҳои иқтисодии Беларус ба Тоҷикистон

Раисҷумҳури Беларус эълом кардааст, барои баррасии мавзуи таъсиси корхонаҳои муштараки санъатӣ бо Тоҷикистон, ҳайъатҳои иқтисодӣ ба ин кишвар эъзом хоҳад кард.

Ба нақл аз хабаргузории давлатии Беларус, Александр Лукашенко дар дидор бо Эмомалӣ Раҳмон, ҳамтои тоҷикистонии худ дар ҳошияи Иҷлоси сарони кишварҳои узви Созмони паймони амнияти ҷамъӣ дар шаҳри Минск, аз омодагии худ барои эъзоми ҳайъатҳои иқтисодӣ ба Тоҷикистон ба манзури баррасии мавзуи таъсиси корхонаҳои муштараки санъатӣ хабар дод .

Ба гуфтаи вай, Беларус, Тоҷикистону Афғонистон бояд барои сохти корхонаҳои муштарак талош кунанд, то заминаи иштиғол барои тоҷикҳо ва фурӯши маҳсулот дар бозори дохилии Афғонистон фароҳам шавад .

Беларусу Тоҷикистон метавонанд ба дархости Афғонистон дар заминаи таъсиси корхонаҳои муштарак ва интиқоли таҷҳизоту фанноварӣ ба ин кишвар, кумак кунанд .

Ба гуфтаи Лукашенко, бо беҳбуди равобити Тоҷикистон бо Узбакистон, акнун дигар мушкили транзити коло вуҷуд надорад ва робити иқтисодӣ ва тиҷории Беларус бо ин кишвар дар оянда густариш хоҳад ёфт .

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 15 корхонаи муштараки санъатӣ бо Беларус дар заминаи тавлиди мошинолоти кишоварзӣ фаъол ҳастанд .