Декабр 03, 2017 12:30 Asia/Dushanbe
  • Эъломи номи 15 варзишкор барои дарёфти кӯмакпулии Бозиҳои олимпии Токио

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон номи 15 варзишкори тоҷикро, ки барои омодагӣ дар Бозиҳои олимпии Токио аз Кумитаи байналмилалии олимпӣ стипендия дарёфт мекунанд, эълом кард.

Ба гузориши дафтари матбуоти Кумитаи олимпии Тоҷикистон, Кумитаи байналмилалии олимпӣ ин стипендияҳоро дар чорчуб барномаи “"Дастгирии молиявии варзишгарон ҷиҳати омодагӣ ба Олимпиадаи Токио-2020” ба ин варзишкорон, ихтисос додааст.

Ин стипендия аз аввали сентябри соли 2017 то 31 августи соли 2020, моҳиёна ба маблағи 200 то 900 доллар, ба 15 варзишкорони тоҷик дода мешавад.

Ин нахустин боре аст, ки Кумитаи байналмилали олимпӣ барои се сол варзишкорони тоҷикро таҳти пуштибонии молии худ қарор медиҳад; Чаро, ки қабл аз ин стипендияҳои олимпӣ танҳо барои ду сол ихтисос меёфт.

Федератсияҳои варзишии Тоҷикистон номи 30 довталаби дарёфти стипендияи олимпиро ироа карда буданд, аммо Кумитаи байналмилалии олимпӣ танҳо барои 15 варзишкор стипендия ихтисос додааст.

Раҳбарии Кумитаи олимпии Тоҷикистонро Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бар ӯҳда дорад.