Шодии Тоҷикистон аз тилои Дилшод
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i2629-Шодии_Тоҷикистон_аз_тилои_Дилшод
Гурзандози тоҷик нахустин медали Тоҷикистонро дар рақобатҳои олимпӣ барои ин кишвар ба даст овард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 20, 2016 04:04 Asia/Dushanbe
  • Шодии Тоҷикистон аз тилои Дилшод

Гурзандози тоҷик нахустин медали Тоҷикистонро дар рақобатҳои олимпӣ барои ин кишвар ба даст овард.

Дилшод Назаров, варзишкори тоҷик медали тилои рақобатҳои гурзандозии  Бозиҳои олимпӣ – 2016-и Риоро касб кард. Назаров бо партоби баробар ба 78 метру 68 сантиметр ба нишони тилои олимпӣ даст ёфта, Тоҷикистонро нахустин бор соҳиби нишони тилои олимпӣ кард. Пеш аз оқои Назаров дигар варзишкорони тоҷик аз даври рақобатҳо ҳазф шуда буданд ва Назаров танҳо умеди медали корвони варзишии Тоҷикистон дар олимпиадаи Рио буд.

Дар ҳамин ҳол, дар ҳамин ришта партобгарони беларусӣ ва лаҳистонӣ мақомҳои дувуму савумро касб карданд.

Бояд гуфт, Дилшод Назаров баъди ба даст овардани пирӯзӣ бо табрикоти мақомоти Тоҷикистон ва шарҳвандон рӯ ба рӯ шуд. Аз ҷумла, раисҷумҳур ва раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, ҳамчунин теъдоди зиёди корбарони торнамоҳои иҷтимоӣ пирӯзии ин диловари тоҷикро табрик гуфтанд. Ҳамзамон гуфта мешавад, Дилшод Назаровро  Ҷоизаи президенти Тоҷикистон, муодили 300 ҳазор сомонӣ интизор аст.