Декабр 04, 2017 09:50 Asia/Dushanbe
  • Осеби ҷиддии варзишкори машҳури тоҷик дар Ҷопон

Варзишкори машҳури тоҷик дар ришта дзюдо дар мусобиқоти “Grand Slam” дар Ҷопон ба шиддат осеб дид ва аз ширкат дар идомаи ин мусобиқот боз монд.

Ба гузориши сойти Варзиши Тоҷикистон, Комроншоҳи Устопирён, ки тайи ду соли ахир дар риштаи дзюдо мақоми қаҳрамонии Осиёро касб карда буд, рӯзи  3 декабр дар даври дуввуми ин рақобатҳо дар масоф бо ҷудокори ҷопонӣ ба шиддат осеб дид ва аз даври рақобатҳо хориҷ шуд.

Гуфта мешавад, Комроншоҳ рақобатро хеле фаъолона оғоз кард ва бар рақибаш бартарӣ дошт, вале дар дақиқаи дуюми рақобат паҳлавони тоҷик аз қабурғааш сахт лат хӯрд ва табибон ӯро барои муолиҷа аз майдон берун бурданд. Довар дар пайи ин пирӯзиро дар ин рақобат ба Кобайше Юсуке дод.

Ду гуштингири дигари тоҷик Акмал Муродов ва Саидҷалол Саидов дар Токио дар даври аввал шикаст хӯрданд. комрон шоҳ усто пирён қаблан муваффақ ба касб ҷоиза бузург мусобиқот Тошканд, мақом севуми ҷом Аврупо, мақом дувуми ҷоиза бузург Туркия ва қаҳрамони осиё шуда буд.

Комроншоҳ нахустин варзишкори тоҷик аст, ки тайи 2 соли ахир мақоми қаҳрамонии Осиё дар риштаи дзюдоро дар корномаи хеш сабт кардааст.