Тавсияи Бонки Рушди Осиё ба Тоҷикистон
Бонки Рушди Осиё ба Ҳукумати Тоҷикистон тавсия кардааст, ки барои таъмини рушди иқтисодии ин кишвар дар робита ба афзоши содирот, беҳбуди бардошти маҳсулоти кишоварзӣ ва тавонманд кардани бахши хусусӣ кӯшиш ба харҷ диҳад.
Ба иттилои CA "New", дафтари намояндагии Бонки Рушди Осиё бо интишори гузорише дар бораи рушди иқтисоди Тоҷикистон таъкид кардааст, ки ин кишвар дар роҳи афзоиши дубаробарии тавлиди нохолиси миллии худ тайи ду даҳаи оянда бо чолишҳои зиёде рӯ ба рӯст.
Бамбанг Сусантоно, муовини раиси БРО дар умури рушди пойдор ва улум муътақид аст, бо вуҷуди рушди ҳафтдарсадии иқтисоди Тоҷикистон тайи солҳои 1997-2015 таҳти фишори шадиди ношӣ аз коҳиши даромади муҳоҷирон аз хориҷи кишвар қарор гирфтааст, ки ин масъала дар рушди тавлиди нохолиси миллии Тоҷикистон таъсири ногувор дорад. БРО ба Ҳукумати Тоҷикистог тавсия кардааст, барои раҳоӣ аз шароити номатлуб заминаи рушди бахши хусусиро фароҳам намояд. Ин бонк муътақид аст, афроди таъсиргузор дар сиёсат ва бахши хусусии Тоҷикистон бояд роҳҳои ислоҳот дар иқтисод ва афзоиши тавони содиротро ҷустуҷӯ кунанд.
Аз се ду ҳиссаи нерӯи кории Тоҷикистон дар бахши кишоварзӣ фаъолият дорад, аммо бо ин вуҷуд ҳосили меҳнат дар ин бахш дар Тоҷикистон кам аст ва бахши саноати Тоҷикистон низ дар ҳоли ҳозир аз рушд бархурдор нест, ба тавре ки ахиран, ифтитоҳи ҷойиҳои нави корӣ дар ин соҳа маҳдуд шудааст.
Тоҷикистон тайи 18 соли ҳамкорӣ бо БРО аз ин ниҳоди молии минтақаӣ беш аз як миллиарду чаҳорсад миллон доллар қарзу кӯмаки молӣ дарёфт кардааст.