Декабр 05, 2017 11:48 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи Русия ва Тоҷикистон барои муҳоҷират ва нафақаи коргарони муҳоҷир

Русияву Тоҷикистон барои эъзоми коргарони муҳоҷири тоҷик ва таъмини нафақаи ин афрод, тавофуқномаи ҳамкории ҷадид имзо мекунанд.

Ба нақл аз Азия-Плюс, пас аз бисту якумин Нишасти масъулони ниҳодҳои муҳоҷирати Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар Маскав, мақомоти Русияву Тоҷикистон дар бораи тавофуқномаи ҳамкории ҷадид барои эъзоми коргарони муҳоҷири тоҷик ва таъмини нафақаи онҳо ба тавофуқ расиданд .

Сумангул Тағойзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикитон дар ин нишаст бар зарурати танзими раванди эъзоми коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ ба Русия ва фароҳам кардани заминаи таъмини нафақаи ин афрод аз сӯи Маскав таъкид карда буд .

Ӯ ҳамчунин аз омода шудани матни тавофуқномаҳои ҷадиди миёни Тоҷикистону Русия дар заминаи эъзоми коргарони муҳоҷири тоҷик бар асоси ниёзи иқтисоди Русия ва таъмини нафақаи ин афрод хабар дод .

Солҳои ахир мақомҳои ду кишвар дар ин маврид музокироте анҷом дода буданд, ки ҳануз ҳам ба натиҷаи матлуб нарасидааст .

Барои ҷилавгирӣ аз муҳоҷирати ғайриқонунии коргарони тоҷик ба Русия, ки мушкилоти ҳуқуқии зиёдеро барои онон эҷод мекунад, тавофуқномаи ҷадиде барои эъзоми созмонёфтаи ин афрод имзо хоҳад шуд .

Дар Нишасти масъулони ниҳодҳои муҳоҷирати Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар Маскав дар бораи эҷоди Бонки воҳиди иттилооти коргарони муҳоҷири хориҷӣ, танзими асноду мадорики муътабар барои ҷилавгирӣ аз таҳияи асноди қалбакӣ ва таҳқиқ аз фаъолияти молии ин афрод ба манзури пешгирӣ аз кумаки онон ба гурӯҳҳои террористӣ ва пулшуӣ баҳсу табодули назар шуд .

Тибқи эъломи идораи муҳоҷирати Русия, теъдоди коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар хоки Русия беш аз як миллион нафар эълом шудааст .