Декабр 07, 2017 12:17 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши таваҷҷуҳи умумӣ ба узвияти Тоҷикистон дар Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё

Бонки рушди Авруосиё эълом кард, таваҷҷуҳи мардум Тоҷикистон ба мавзӯи узвияти ин кишвар дар Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё, коҳиш ёфтааст.

Ба гузориши Бонки рушди Авруосиё, тайи панҷ соли ахир таваҷҷуҳи мардуми Тоҷикистон барои пайвастани ин кишвар ба Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё коҳиш ёфтааст.

Агар дар соли 2012 беш аз 76 дарсад аз мардуми Тоҷикистон хостори пайвастани кишварашон ба Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё буданд, дар соли ҷорӣ ин шохис ба 69 дарсад расидааст.

Дар охирин таҳлили Бонки рушди Авруосиё таъкид шудааст, 18 дарсад аз мардуми Тоҷикистон гуфтаанд, ки дигар ин мавзӯъ барояшон аҳамият надорад.

Ҳарчанд бештари коршиносони масоили Осиёи Марказӣ мӯътақид ҳастанд, пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё, имтиёзоти зиёде ба коргарони муҳоҷири ин кишвар дар Русия медиҳад.

Ҳалли мушкили бекорӣ дар Тоҷикистон ғайримумкин аст ва теъдоди зиёде аз коргарони ин кишвар дар Русия ба иллати ҳузури ғайриқонунӣ ва нақзи қонунҳои кор ва муҳоҷират бо мушкилоти ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ ҳастанд. Аз ин рӯ, танҳо бо пайвастан ба Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё, шаҳрвандони ҷӯёи кори Тоҷикистон аз ҳуқуқи яксон бо шаҳрвандони Русия бархурдор мешаванд.

Мақомҳои Тоҷикистон аз се соли қабл эълом карда буданд, ки дар ҳоли баррасии мавзӯи пайвастани кишварашон ба Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё ҳастанд, аммо то кунун ҳеҷ иқдоми амалие мушоҳида нашудааст.