Декабр 07, 2017 14:26 Asia/Dushanbe
  • Симои Душанбе дар як соли фаъолияти шаҳрдори нав

Пас аз ҳудуди як соли фаъолияти Рустами Эмомалӣ дар симати шаҳрдори пойтахти Тоҷикистон, тағйироте дар сатҳи шаҳри Душанбе мушоҳида мешавад.

Хабаргузории Азия-плюс дар матлабе ба баррасии тағйироти як соли ахир дар шаҳри Душанбе пардохта ва навиштааст, дирӯз (чаҳоршанбе) ба дастури Рустами Эмомалӣ сохти як дарахти арчаи соли нав дар Душанбе оғоз шуд, ки пеш аз ин маъмулан ин кор як ё ду рӯз монда ба оғози сол нави мелодӣ анҷом мешуд.

Дастури дигари шаҳрдори Душанбе дар моҳи октябр, баста шудани яке аз бузургтарин ва куҳантарин бозорҳои шаҳри Душанбе, Шоҳмансур буд, ки дар пайи ин иқдом фурӯшандагони он ба бозори нави Меҳргон мунтақил шуданд.

Ҳамчунин бо талоши шаҳрдорӣ аввалин таваққуфгоҳҳои намунаи ҳамлу нақли умумӣ бо имконоти вижа дар моҳӣ август дар Душанбе роҳандозӣ шуд ва дар маҷмӯъ 36 адад чунин таваққуфгоҳ дар сатҳи шаҳр эҷод хоҳад шуд.

Дар моҳи октябр ҳам шаҳрдории Душанбе як хатти вижаи телефон барои шаҳрвандон роҳандозӣ кард, то онҳо битавонанд паёмҳои худро аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври мустақим ба масъулони шаҳр ироа диҳанд.

Илова бар ин, сокинони шаҳри Душанбе метавонанд аз мушкилоти мухталифи пойтахт акс ва филм таҳия ва онҳоро ба имейли шаҳрдор ирсол кунанд.

Дар остонаи Иди Қурбон ҳам, ки моҳи август баргузор шуд, бо дастури Рустами Эмомалӣ як нуқтаи муваққати фурӯш ва кушторгоҳи дом дар пойтахт фаъол шуд.

Ҳамчунин дар моҳи июн, шаҳрдори Душанбе ҷамъоварии пул аз волидайнро барои таъмири мактаб ва кӯдакистонҳо, мамнуъ эълом кард.

Шаҳрдори Душанбе рӯзи 11 декабр ба Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи 11 моҳи фаъолияти худ гузориш медиҳад ва ҳамчунин барномаҳои худро барои соли 2018 ироа хоҳад кард.

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 12 январ 2017 Рустами Эмомалӣ писари бузурги худро ҷойгузини Муҳаммадсаид Убайдуллоев кард.

Муҳаммадсаид Убайдуллоев 20 сол дар симати шаҳрдори Душанбе фаъолият карда буд.

Рустами Эмомалӣ ҳамзамон бо ин симат, раиси федератсияи футболи Тоҷикистон аст.

Рустам яке аз нуҳ фарзанди раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, фориғулттаҳсили Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.

Пеш аз ин, ӯ дар Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ машғул ба кор ва ҳамчунин муовини раиси Кумитаи ҷавонони кишвар буд.

Дар ноябри 2013 Рустами Эмомалӣ ба симати раиси Хадамоти гумрук мансуб шуд ва ду сол баъд ба унвони раиси Оҷонсии мубориза бо фасоди молӣ дар Тоҷикистон фаъолият кард.