Декабр 08, 2017 17:06 Asia/Dushanbe
  • Боздошти 10 шаҳрванди Тоҷикистон дар Туркия

Мақомоти амниятии Туркия аз боздошти 10 шаҳрванди Тоҷикистон ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи террористии ДИИШ хабар доданд.

Мақомоти амниятии Туркия 10 шаҳрванди Тоҷикистонро ба иттиҳоми узвият дар ДИИШ ва ширкат дар даргириҳои Сурия ва Ироқ боздошт карданд. Мақомоти Туркия алайҳи чор нафари онҳо, ки дар ҳоли ҳозир дар зиндони шаҳри Измири ин кишвар нигаҳдорӣ мешаванд, ба иттиҳоми иқдомоти террористӣ парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Як зан бо 5 фарзандаш низ, ки ҳамсари яке аз ин боздоштшудагон маҳсуб мешавад, дар шаҳри Истанбул дар як паноҳгоҳ қарор дорад.

Туркия ин афродро дар ҳоле боздошт кард, ки гурӯҳи террористии ДИИШ дар Сурия ва Ироқ манотиқи таҳти тасарруфашонро тақрибан аз даст додаанд ва бар асоси бархе иттилоот, пас аз суқути Дайруззур аъзои ин гурӯҳ дар биёбонҳо пароканда шудаанд.

 

Барчасп