Нигаронии ВУХ-и Тоҷикистон аз ҳузури гурӯҳҳои ифротӣ дар шимоли Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i26519-Нигаронии_ВУХ_и_Тоҷикистон_аз_ҳузури_гурӯҳҳои_ифротӣ_дар_шимоли_Афғонистон
Вазири умури хориҷии Тоҷикистон аз фаъол шудани гурӯҳҳои террористӣ дар шимоли Афғонистон ибрози нигаронӣ кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 08, 2017 13:58 Asia/Dushanbe
  • Нигаронии ВУХ-и Тоҷикистон аз ҳузури гурӯҳҳои ифротӣ дар шимоли Афғонистон

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон аз фаъол шудани гурӯҳҳои террористӣ дар шимоли Афғонистон ибрози нигаронӣ кард.

Сироҷиддин Аслов рузи ҷумъа дар суханоне дар Вена гуфт, таҷаммӯи гурӯҳҳои террористии ДИИШ дар шимоли Афғонистон таҳдиде на танҳо ба суботу амнияти Тоҷикистон, балки ба марзҳои ҷанубии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо низ латма мезанад.

Пеш аз ин расонаҳои гурӯҳии Афғонистон ба нақл аз дабири кулли СПАД шумори террористҳои мустақар дар марзҳои муштараки Афғонистону Тоҷикистонро ҳафт ҳазор нафар эълом карданд. Ин ҳам дар ҳолест, ки Афғонистону Тоҷикистон 1430 километр марзи муштарак доранд.