Афзоиши фишор бар бонувони ҳиҷобдор дар шимоли Тоҷикистон
Сардори идораи пулиси шаҳри Хуҷанд аз сабти ном ва контроли фаъолияти 643 бонуи ҳиҷобдор дар ин шаҳр хабар додааст.
Ба гузориши хабаргузории "Азиа плюс", сарҳанг Эмин Ҷалилов гуфтааст, барои назорат бар пӯшиши бонувон ҳафт гурӯҳ, шомили 222 корманди пулиси ин шаҳр ташкил шудааст, ки ҳамвора дар ҳоли гаштугузор дар бозорҳо ва марказҳои тиҷорӣ ҳастанд. Ӯ таъкид кардааст, ки дар натиҷаи бозрасии ин гурӯҳ аз марказҳои тиҷории шаҳри Хуҷанд 643 бонуи дорои пӯшиши исломӣ ва ба истилоҳи ӯ, "сатру ҳиҷоб" шиносоӣ ва дар идораи пулиси маркази вилояти Суғд ба таври расмӣ сабти ном шудаанд.
Раиси идораи пулиси шаҳри Хуҷанд аз мудирияти ин марокизи тиҷорӣ интиқод кардааст, ки чаро аз фаъолияти бонувони ҳиҷобдор ҷилавгирӣ наменамоянд. Ба гуфтаи сарҳанг Ҷалилов, акнун маҳалҳои сукунати ин бонувон дар шаҳри Хуҷанд шиносоӣ шуда, таҳти контроли вижаи нерӯҳои интизомӣ қарор доранд.
Дар Тоҷикистон пӯшиши исломии бонувон дар маҷмӯаи пӯшишҳои бегона қарор гирифта ва ба ин баҳона бо он бархӯрд мешавад. Занону духтарони тоҷик ҳақ надоранд, дар идороти давлатӣ ва марокизи тиҷорӣ бо пӯшиши исломӣ фаъолият кунанд.