Тавлиди маҳсулоти санъатӣ дар вилояти Суғд ба 1 миллиард доллар расид
Мудири шуъбаи энергетика ва саноати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, эълом кард, ки корхонаҳои санъатӣ дар шимоли Тоҷикистон, тавлиди маҳсулоти санъатиро дар соли ҷорӣ ба 1 миллиард доллар расонданд.
Ба гузориши сойти хабаргузории давлатии “Ховар”, Озифхон Шарифзода гуфтааст, ки ин мизони маҳсулоти санъатӣ аз нигоҳи арзиши молӣ ба беш аз 1 миллиард доллар мерасад, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл, 1,5 бештар мебошад.
Вай таъкид кардааст, ки барои бори нахуст пас аз истиқлоли Тоҷикистон корхонаҳои санъатии вилояти Суғд, муваффақ ба тавлиди ин қадар маҳсулот шудаанд. Зеро Абдурраҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд аз ибтидои соли ҷорӣ бахши саноатии ин минтақаро муваззаф карда буд, ки имсол мизони тавлиди маҳсулоти худро ба 1 миллиард доллар расонанд. Вилояти Суғд дар шимоли Тоҷикистон, минтақаи умдатан санъатии ин кишвар ба ҳисоб меояд, ки 600 маркази санаътии фаъол дорад. Дар соли ҷорӣ низ дар қаламрави ин вилоят, 83 коргоҳи ҷадиди санъатӣ ба баҳрабардорӣ расид, ки барои 1 ҳазору 463 нафар аз сокинони ин минтақа, шуғл эҷод кард.
Дар корхонҳои санъатии вилояти Суғд, умдаи маҳсулоти тавлидӣ нахи абрешим, фарши мошинӣ, масолеҳи сохтмонӣ, кафшу пӯшок, консерв, маодин ва филизот мебошад. Ҳамчунин ҷанд корхонаи санъатӣ дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд, зарфҳои палостикӣ ва масолеҳи сохтмонӣ тавлид мекунад.