Декабр 10, 2017 11:53 Asia/Dushanbe
  • Як созмони байналмилалӣ: Мубориза бо фасод дар Тоҷикстонро нокофӣ аст

Созмони байналмилалии Ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд (OECD) таъкид кардааст, ки барномаи мубориза бо фасоди молии ҳукумати Тоҷикистон, натоиҷи матлуб надоштааст ва бояд дар ин маврид тавони ниҳоди мубориза бо фасоди ин ҷумҳурӣ, тақвият ва амалкарди он шаффофтар гардад.

Ба гузориши сойти “Азия Плюс”, ин созмон пас аз нишасти коршиносони хеш дар шаҳри Душанбе бо интишори гузорше, вуҷуди фақр дар Тоҷикистон дар канори фасоди молӣ ва ришвахориро мушкили умда барои ҷилавгирӣ аз фасод унвон кардааст.

Аз дидгоҳи коршиносони ин созмон, қонуни мубориза бо фасоди молӣ ва ниҳоде, ки ба унвони Оҷонси давлатии мубориза бо ин падида амал мекунад, заиф ва камтавон мебошанд, ки барои коҳиши фасоди молӣ, нокофӣ аст. Аз ин рӯ, дар Тоҷикистон яке аз мавридҳои густурдаи фасод дар хариду фурӯши замин мушоҳида мешавад, ки ҳеҷ навъи муқаррароти муомилоти қонунӣ дар ин амр вуҷуд надорад. Аз ин рӯ, ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия шудааст, ки бояд мақомоти аршади давлатӣ дар ин кишвар, мизони дороиҳои хешро эълом намоянд. Барои тақвияти мубориза бо фасоди молӣ бояд маркази пажӯҳишии вижае дар Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии ин кишвар таъсис шавад ва фаъолияти додгоҳҳо дар заминаи рисидагӣ ба ҷиноёти марбут ба фасод ва ришвахорӣ, шаффоф амал кунанд. Барои амалӣ шудани ин амр, бояд додгоҳҳо мустақил амал кунанд ва дахолати соири идороти давлатӣ дар тасмимгирии додгоҳҳо қатъ гардад.

Коршиносони ин созмон аз ҳукумати Тоҷикистон дархост кардаанд, ки қавонини ҳуқуқии ин кишвар дар мурбориза бо фасоди молиро бо асноди ҳуқуқи байналмилалӣ татобуқ диҳад. Ин дар ҳоле аст, ки 10 нафар аз кормандони Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон тобистони имсол ба иттиҳоми дарёфти ришва, сӯиистифода аз симмат ва дасткорӣ дар аснод ба зиндон маҳкум шуданд.