Декабр 11, 2017 10:37 Asia/Dushanbe
  • Фурӯши мева ва сабзиҷоти Тоҷикистон дар маркази Русия дар соли 2018

Дар пайи сафари ҳайате аз вилояти Суғди Тоҷикистон ба вилояти Свердловски Русия, ки минтақаи умдатан санъатӣ дар маркази ин кишвар аст, дар бораи фурӯши мева ва сабзиҷоти Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург тавофуқ шуд.

Ба гузориши сомонаи “Tajikistantimes”, масъулони вилояти Свердловск гуфтаанд, сохти маркази тиҷории ҷадид мавсум ба “Шаҳри мева ва сабзиҷот” оғоз шуда, ки дар соли 2018 ифтитоҳ мешавад ва кишоварзон ва бозаргонони тоҷик низ метавонанд, маҳсулоти худро арза кунанд.

Ин маркази тиҷории ҷадид, дар масоҳати 28 гектар замин дар дасти сохт аст ва фурӯшгоҳҳо, ҳутел, анбор барои нигаҳдории маҳсулот ва поркинг (таваққуфгоҳ) барои мошинҳоро шомил мешавад.

Бар асоси тавофуқи дуҷониба, кишоварзон ва бозаргонони тоҷик метавонанд, анвои мева ва сабзиҷот, асал ва хушкбори худро дар ин маркази тиҷорӣ ба фурӯш расонанд.

Ҳамчунин миёни мақомоти утоқҳои саноат ва бозаргонии Тоҷикистон ва ду вилояти Перм-Нижний Новгород дар маркази Русия дар заминаи фурӯши мева ва сабзиҷот, асал ва хушкбори Тоҷикистон дар марокизи тиҷории ин ду минтақа, созишномаи ҳамкорӣ имзо шудааст.

Масъулони утоқи саноат ва бозаргонии Тоҷикистон умедворанд, ки бо ин тавофуқот бозорҳои ҷадиде дар манотиқи марказии Русия барои фурӯши маҳсулоти кишоварзон ва бозаргонони тоҷик гушӯда шавад.