Декабр 12, 2017 09:51 Asia/Dushanbe
  • Боздошти як сармоядор ва фаъоли бахши хусусии Тоҷикистон

Ҷамшед Абдулов, мудири ширкати “Олим Каримзод” ба далели қарздор будан аз  бонки муфлисшудаи “Тоҷпромбонк” боздошт шудааст.

Ба иттилои Toptj, Ҷамшед Абдулов, молики ширкати "Олими Каримзод” ва корхонаи нассоҷии "Олим текстайлз” дар ноҳияи Мастчоҳ, бо иттиҳоми бозпас надодани 15 миллион доллар қарзаш аз “Тоҷпромбонк” боздошт шудааст.

Боздошти Абдулов чиҳил рӯз пеш аз тарафи маъмурони додситонӣ сурат гирифт. Феълан ӯ дар боздоштгоҳе дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе нигаҳдорӣ мешавад.

Ҷамшед Абдулов қаблан аз “Тоҷиксодиротбонк” низ 4 миллион доллар қарздор буд ва дар ҷарёни чиҳил рӯзи дар боздошт будан ин миқдор пулро бозпас додааст.

Пас аз шикотяи гуруҳи амонатдорони бонк дар назди Давлаталӣ Саид– муовини нахуствазир – Ҷамшед Абдулов боздошт шудааст.

Ҷамшед Абдуллов молики ширкати "Олими Каримзод” ва корхонаи нассоҷии "Олим тестайлз” дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд аст.

"Олими Каримзод” яке аз ширкатҳои бузурги содироти нахи пахта аз Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. То соли 2009 "Олими Каримзод” ширкати фючеристӣ ба ҳисоб мерафт, ки бо сармоягузории хоҷагиҳои пахтакор машғул буд. Корхонаи нассоҷии "Олим текстайлз” дар Суғд муддатҳои зиёд аз камбуди ашёи хоми нахи пахта бекор монда буд.

Ҷамшед Абдуллов, писари раҳбари собиқи котиботи президенти Тоҷикистон Карим Абдулов аст.

Вай соҳиби чаҳор фарзанд буда, феълан хонаводааш дар Дубай ҳастанд.