Ибҳом дар иллати марги додраси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон
Наздикони яке аз додрасҳои бо таҷрубаи Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон, ки эълом шуда бар асари афтодан аз табақаи чаҳоруми сохтимони маҳали зиндагӣаш дар шаҳри Душанбе ҷони худро аз даст додааст, ин фарзияро рад мекунанд.
Ба иттилои Ахбор, Раҳмат Исматзода, додраси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон шаби 9 декабр бар асари сарозер шудан аз ошёнаи чорум ба ҳалокат расид.
Манобеи расмӣ мегӯянд, ки ин як тасодуф буд ва Исматзода калиди хонаро фаромӯш карда, мехост аз тиреза ворид шавад, вале афтид.
Аммо дар ҳоле ки мақомот ҳалокати Раҳмат Исматзодаро як амри тасодуф меноманд, онҳое ки ӯро мешиносанд, ба ин фарзия бовар надоранд. Инки як марди он ҳам 54-сола кӯшиши аз тиреза даромадан ба манзилаш дар қабати чоруми биноро кунад, суолбарангез аст.
Аммо як манбаи огоҳ мегӯяд, Исматзода дар ҷои кор дар вазъи сахте қарор дошт ва худкушӣ кардааст.
Гуфта мешавад, Қаландарзода баъди омаданаш ба ин мақом Раҳмат Исматзодаро хеле азоб медод ва дар назди додрасҳои дигар мазаммату шармсораш мекард.
Мавлуда Қаландарзода моҳи феврали соли ҷорӣ бо фармони раисиҷумҳур раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон таъйин шуд.