Қатъи фаъолияти се муассисаи дигари молӣ ва қарзӣ дар Тоҷикистон
Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти созмонҳои хурди вомдиҳандаи "Зироат-04", "Ганҷ-2006" ва "Диси инвест"-ро боз истонд.
Ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, ин бонк ин созмонҳоро бар асоси Қонуни созмонҳои хурди эътиборӣ ва Қонуни инҳилоли созмонҳои қарзӣ аз фаъолият боз медоронад.
Комиссияи вижае ба дархости муштариён ва барои тасвияи ҳисоби онон бо ин се муассисаи молӣ ва эътиборӣ таъсис шудааст, ки баиӣн умур расидагӣ хоҳад кард.
Се соли ахир, ба иллати ташдиди буҳрони молӣ ва коҳиш даромади ирсолии муҳоҷирони тоҷик, беш аз 20 муассисаи молӣ ва эътиборӣ ва ду бонки “Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк” варшикаста шуда ва иҷозатномаи фаъолияти онҳоро Бонки миллии Тоҷикистон лағв кардааст.
Иқтисоддонони тоҷик иллати варшикаста шудани ин теъдоди бонкҳо ва муассисоти молӣ ва эътибориро таъсири буҳрони молии се соли ахир дар Русия унвон мекунанд, ки бо даромади ирсолии муҳоҷирони тоҷик чархи бозори иқтисоди ин ҷумҳурӣ дар гардиш буд.
Агар муҳоҷирон соли 2014 аз Русия ба кишварашон беш аз чаҳор миллиард доллар ирсол карда бошанд, соли 2016 ин маблағ 55 дарсад коҳиш ёфт, ки муҷиби бурузи ошуфтагӣ дар бозори дохилии Тоҷикистон шуд.