Гузориши шаҳрдори Душанбе аз фаъолияти ҳудуди яксолаи худ
Шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии пойтахти Тоҷикистон дар 11 моҳи соли ҷорӣ гузориш дод.
Ба иттилои Спутник, шаҳрдори Душанбе зимни суханронӣ дар назди намояндагони Маҷлиси пойтахти Тоҷикистон, таъмини сокинон ба гармову барқ, ҷилавгирӣ аз сохти хонаҳои бекайфият, танзим омаду шуди васоили нақлияи шаҳрӣ, ҷилавгирӣ аз хариду фурӯши ғайриқонунии замин ва контроли фурӯши тавлидоти хориҷиро аз ҷумлаи дастовардҳои шаҳрдорӣ дар давраи ҷадид баршумурд .
Вай аз ширкатҳои сохтмонӣ хост, ба сохту созҳои беравияву бекайфият хотима диҳанд.
Рустами Эмомалӣ ҳамчунин аз кормандонаш дар шаҳрдории Душанбе хостааст, бо мардум бештар дар иртибот бошанд ва мушкилотро аз худи онҳо ҷуё шаванд .
Рустами Эмомалӣ фарзанди Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон 12 январи имсол ба унвони шаҳрдори Душанбе ҷойгузини Маҳмадсаид Убайдуллоев шуд .
Гарчи коршиносону мардум дар маҷмуъ аз фаъолияти шаҳрдории Душанбе дар 11 моҳи сипарӣ шуда ризоят доштаанд, аммо тахриби биноҳои торихӣ бо интиқодҳое рӯ ба рӯ будааст .