Декабр 13, 2017 10:51 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши содироти семент аз Тоҷикистон ба хориҷ

Корхонаҳои сементи Тоҷикистон дар соли ҷорӣ барои бори нухст дар таърихи ин кишвар, беш аз 2,5 миллион тон семент тавлид карданд, ки 841 ҳазор тон аз ин маҳсули муҳимми сохтумонӣ ба хориҷ содир шудааст.

Ба гузориши сомонаи “Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон”, тавлиди семент дар ин кишвар тайи соли ҷорӣ, дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл, наздик ба 724 ҳазор тон афзоиш ёфтааст.

Аз ин рӯ, афзоиши тавлиди семент дар Тоҷикистон заминаи содироти ин маҳсули муҳимми сохтумониро ба 3 кишвариҳои ҳамсоя – Узбакистон, Афғонистон ва Қирғизистон фароҳам кард, ки 841 ҳазор тон семент ба ин се кишвар содир шуд. Дар ин миён бо хариди 750 ҳазор тон семент аз Тоҷикистон дар соли ҷорӣ, Афғонистон муҳиммтарин бозори хориҷии сементи Тоҷикистон шуд. Тоҷикистон порсол ба ин 3 кишвар 300 ҳазор тон семент содир карда буд.

Дар Тоҷикистон 12 корхонаи тавлиди семент фаъолият мекунад, ки дар 15 соли ахир бо сармоягузорӣ ва кумаки фаннии мутахассисон чинӣ сохта шудааст. Бар асоси омори Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон дар ин кишвар заминаи тавлиди солона наздик ба 4 миллион тон семент вуҷуд дорад.

Ба далели набуди газ дар Тоҷикистон корхонаҳои тавлиди сементи ин кишвар аз ангишт ба унвони сӯхти аслӣ, истифода мекунанд.