Ҳайвон ё чорпо? Масъала ин аст!
Баҳс бар сари вожаи домпарварӣ, тасвиби қонун "Дар бораи зотпарварӣ" дар Тоҷикистонро ба таъхир андохт.
Ба гузориши Спутник, намояндагони Маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон дар ҷаласаи рӯзи чаҳоршанбе қасд доштанд дар ин тарҳ, ҷойгузине барои вожаи "ҳайвон" пайдо кунанд, то қонуни ёдшуда бо соири қонунҳои ин кишвар созгор бошад. Ба ҳамин манзур бархе аз намояндагон пешниҳод карданд, ки ба ҷойи вожаҳои "ҳайвон", "ҳайвонот" ва "ҳайвонҳо" таркибҳои назири “чорпои кишоварзӣ” ё “чорпои зотии кишоварзӣ” мавриди истифода қарор гирад.
Шукурҷон Зуҳуров раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ин ҷаласа аз намояндагон хост дар бора инки аз байни ду вожаи “чорподорӣ” ё “ҳайвонпарварӣ” кадом як барои баёни мафҳуми домпарварӣ муносиб аст назар диҳанд.
Вай гуфт: Ҳадаф танҳо ислоҳи як вожа нест ва мавзӯи беҳинасозии навъи занбури асал, моҳӣ ва парандагон аст, ки ду истилоҳи “чорподорӣ” ё “ҳайвонпарварӣ” ба ин ҷонварон тааллуқ намегирад.
Ҳамчунин Олим Салимзода яке аз намояндагони Маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон ба ин тарҳ ишкол гирифтааст, ки дар банде аз ин қонун таркиби "авлоди чорпо" истифода шудааст, ки маъмулан авалод барои инсон корбурд дорад.
Пас аз ин баҳсҳои бидуни натиҷа, Зуҳуров гуфт, бояд дар ин маврид бо донишмандони забоншинос машварат кард ва феълан тасвиби тарҳи ёдшуда ба таъхир хоҳад афтод.