Ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба ҷануби Лубнон бо бомбҳои фосфорӣ
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i125180-Ҳамлаи_режими_саҳюнистӣ_ба_ҷануби_Лубнон_бо_бомбҳои_фосфорӣ
Порс Тудей- Расонаҳои хабарӣ аз ҳамлаи ҳавоии ишғолгарони саҳюнист ба ҳумаи Бинт Ҷубайл дар ҷануби Лубнон бо бомбҳои фосфорӣ хабар доданд.
(last modified 2026-07-16T10:35:33+00:00 )
Июл 16, 2026 15:31 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба ҷануби Лубнон бо бомбҳои фосфорӣ
    Ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба ҷануби Лубнон бо бомбҳои фосфорӣ

Порс Тудей- Расонаҳои хабарӣ аз ҳамлаи ҳавоии ишғолгарони саҳюнист ба ҳумаи Бинт Ҷубайл дар ҷануби Лубнон бо бомбҳои фосфорӣ хабар доданд.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо, хабаргузории миллии Лубнон эълон кард: Душмани саҳюнистӣ бомдоди панҷшанбе минтақаи ҷангалии байни шаҳракҳои Кунин ва Байтёҳун дар Бинт Ҷубайлро бомбаборон кард. Хабаргузории Ал-Марказияи Лубнон низ гузориш дод, ки артиши режими саҳюнистӣ шаҳраки Кунинро дар шаҳристони Бинт Ҷубайл бомбаборон кард.

Бархе манбаъҳои хабарӣ гузориш доданд, ки артиши режими саҳюнистӣ дар ин ҳамлаҳо аз таслиҳоти мамнӯи фосфорӣ истифода кардааст.

Бар асоси ин гузориш, нерӯҳои артиши режими саҳюнистӣ рӯзи чоршанбе амалиёти тахриби густурдаеро дар чандин макон ва хона дар шаҳраки Байтёҳун дар шаҳристони Бинт Ҷубайл анҷом доданд ва ҷодаҳои мунтаҳӣ ба Бинт Ҷубайл то шаҳри марзии Морунурраъсро бо булдозер тахриб карданд.

Низомиёни режими саҳюнистӣ ҳамчунин иқдом ба амалиёти гаштзанӣ дар Буютуссиёд ва Маҷдалзун карданд ва ба рӯи теъдоде аз сокинон, ки саъй дар саркашӣ ба боғҳои наздики шаҳрҳои Маҷдалзун ва Ал-Мансурӣ доштанд, оташ кушоданд.

Режими саҳюнистӣ аз дуюми март, ҳамлаи густурдаеро алайҳи Лубнон оғоз кард, ки илова бар шаҳодат ва захми шудани шуморе аз шаҳрвандони лубнонӣ, беш аз як миллион нафар ҳам овора шудаанд ва ҳамчунон бахшҳое дар ҷануби ин кишвар дар ишғоли ин режим аст.