Парвози Истанбул - Душанбе ба ҷойи бори мусофирон бензин ҷобаҷо кард
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i26903-Парвози_Истанбул_Душанбе_ба_ҷойи_бори_мусофирон_бензин_ҷобаҷо_кард
Мудири ширкати ҳавопаймоии “Turkish Airlines” аз мусофирони парвози Истанбул – Душанбе ба хотири таъхири 40 дақиқаӣ ва набуди имкони интиқоли бори онон узрхоҳӣ кард.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Декабр 16, 2017 11:43 Asia/Dushanbe
  • Парвози Истанбул - Душанбе ба ҷойи бори мусофирон бензин ҷобаҷо кард

Мудири ширкати ҳавопаймоии “Turkish Airlines” аз мусофирони парвози Истанбул – Душанбе ба хотири таъхири 40 дақиқаӣ ва набуди имкони интиқоли бори онон узрхоҳӣ кард.

Ба гузориши “Спутник”, мудири ин ширкати ҳавопаймоӣ ба 150 мусофири парвози Истанбул – Душанбе пас аз фуруд дар фурудгоҳи пойтахти Тоҷикистон эълом кард, ки бор ва чомадонҳои онон баъдан мунтақил хоҳад шуд.

Дар баёнияи ин ширкат иллати ҷобаҷо нашудани бори мусофирони ин парвоз номусоид будани вазъи ҳаво ва имкони фуруди ҳавопаймои ширкати “Turkish Airlines” дар яке аз шаҳрҳои масири Истанбул – Душанбе унвон шудааст.

Дар ин баёния таъкид шудааст, халабон пешбинӣ мекард, дар яке аз ду фурудгоҳи Самарқанд ё Хуҷанд фуруд хоҳанд омад, ки ин амр ниёз ба як тону 500 литр сӯхти изофӣ дошт. Аз ин рӯ маҷбур шуд баҷои чомадони мусофирон, бензин захира кунад.

 Мудири ширкати ҳавопаймоии “Turkish Airlines” гуфтааст, бори мусофирони парвози Истанбул – Душанбе рӯзи 16-уми ноябр ба Тоҷикистон мунтақил хоҳад шуд. Аммо ин хабар на дар роҳи парвоз ба Душанбе, балки пас аз фуруд дар пойтахти Тоҷикистон эълом ва муҷиби тааҷҷуби мусофирон шудааст.

Бо ин ҳол ба гуфтаи коршиносон панҷ моҳ аст, ки дар Тоҷикистон буҳрони камбуди шадиди сӯхти ҳавопаймо ба вуҷуд омада ва ба ширкатҳои хориҷӣ тавсия шудааст, имкони сӯхтгирӣ дар фурудгоҳҳои ин кишвар вуҷуд надорад ва бояд ба қадри кофӣ барои парвози баргашт низ бензин бо худ ба ҳамроҳ дошта бошанд.