Декабр 17, 2017 10:15 Asia/Dushanbe
  • Кумаки 15 миллион долларии Бонки Ҷаҳонӣ ба бахши кишоварзии Тоҷикистон

Шӯрои мудирони Бонки Ҷаҳонӣ аз ихтисоси кумаки молии 15 миллион долларӣ ба бахши кишоварзии Тоҷикистон хабар дод.

Ба гузориши “Азия Плюс”, ҳадаф аз ироаи ин кумаки молӣ ба бахши кишоварзии Тоҷикистон, мусоидат ба раванди тиҷорӣ шудани арзаи маҳсулоти кишоварзони ин кишвар дар борзорҳои дохилӣ ва хориҷ унвон шудааст.

Ян-Петер Олтерс, намояндаи доими Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон гуфтааст, ки ин кумаки молӣ барои иштиғолзоӣ дар манотиқи рустоии Тоҷикистон ва афзоиши тавони содироти маҳсулоти бахши кашоварзии ин кишвар ба бозорҳои хориҷӣ, ҳазина хоҳад шуд. Қаблан дар чорчӯби барномаи кумак ба бахши кишоварзии Тоҷикистон, Бонки Ҷаҳонӣ маблағи 22 миллион доллар ихтисос дода буд. Аз ин ҳисоб барои 3 ҳазор нафар аз кишоварзони Тоҷикистон давраҳои омӯзишии беҳбуди кайфияти маҳсулоти ширӣ, хушкбор ва арзаи ин маҳсулот ба бозорҳои хориҷӣ баргузор гардид. Дар ин барномаҳои омӯзишӣ, кишоварзони Тоҷикистон бо фанновариҳои ҷадиди тавлиди маҳсулот ва роҳҳои интиқол ва арзаи дастранҷи хеш ба боризорҳои дохилӣ ва хориҷӣ ошно шуданд.

Аз замони оғози ҳамкории Бонки Ҷаҳонӣ бо Тоҷикистон дар соли 1996, то ба имрӯз ин ниҳоди молии байналмилалӣ ба ин кишвар ба маблағи 1 миллиарду 39 миллион доллар кумакҳои билоиваз ва вомҳои камбаҳра ихтисос додааст.