Шаҳрдори Душанбе барои бознишастагон нақлиёти ҷамъиятиро бепул кард
(last modified 2017-12-19T06:15:16+00:00 )
Декабр 19, 2017 11:15 Asia/Dushanbe
  • Шаҳрдори Душанбе барои бознишастагон нақлиёти ҷамъиятиро бепул кард

Рустами Эмомалӣ бо имзои як қарор истифодаи нақлиёти ҷамъиятиро дар пойтахт барои бознишастагони синнашон аз 75-сол боло ройгон кард.

Ба иттилои сайти шаҳрдории Душанбе, ба бознишастагон корт ё чиптаҳои вижае дода мешавад.

Аз 15 декабри соли 2017 хизматрасонӣ тавассути нақлиёти мусофирбари истифодаи умум ба истиснои таксӣ дар шабакаи хатсайрҳои шаҳри Душанбе барои нафақахӯрони синну солашон аз 75 боло бо пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунанда (чиптаи имтиёзноки солона ё корти имтиёзноки пардохти электронии роҳкиро) тариқи ройгон ба роҳ монда мешавад.

Рустами Эмомалӣ дар фармонаш гуфтааст, ки ин тасми ба хотири дастгирии моддиву маънавии мардуми солхӯрда гирифта шуда, ҳаққи истифодаи бепул ба ин мардум дар тамоми нақлиёти мусофирбари ҷамъиятӣ, новобаста аз шакли моликияти онҳо дода мешавад.