Касби ду медали донишомӯзони тоҷик аз олимпиадаи илмӣ дар Боку  
(last modified Tue, 19 Dec 2017 10:05:08 GMT )
Декабр 19, 2017 15:05 Asia/Dushanbe
  • Касби ду медали донишомӯзони тоҷик аз олимпиадаи илмӣ дар Боку  

Донишомӯзони тоҷик дар Олимпиадаи илмӣ дар Озарбойҷон ду медал гирифтанд.

Ба иттилои Спутник, Олимпиадаи илмӣ дар Озарбойҷон 10-15 декабр дар шаҳри Боку баргузор шуда ва Далер Пиров, донишомӯзи синфи 9-уми дабиристони "Ҳотам ва П.В." медали тилло ва Бобохон Ҳафизов аз ноҳияи Данғара низ медали биринҷӣ гирифтааст.

Дар ин озмуни зеҳнӣ Далер Пиров 69 имтиёз ба даст оварда ва қаҳрамон шудааст, ки 20 имтиёз бештар аз донишомӯзе аст, ки дувум ҷойгоҳро гирифтааст.

Дар ин озмун ҳар донишомӯз бояд се масъаларо ҳалл мекард, ки якез риёзӣ, дигаре аз физика ва севум аз кимиё буд.

Далер Пиров дар озмуни физика 30 имтиёз аз ҷамъи кулл, дар озмуни кимиё 28 имтиёз аз 30 ва дар озмуни риёзӣ 11 имтиёз аз 40-торо ба даст оварда қаҳрамони ин мусобиқот шинохта шудааст.