Афзоиши 300-миллиондолларии тавлидоти саноатии Тоҷикистон дар соли 2017
(last modified Tue, 19 Dec 2017 12:08:21 GMT )
Декабр 19, 2017 17:08 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 300-миллиондолларии тавлидоти саноатии Тоҷикистон дар соли 2017

Мақомҳои иқтисодии Тоҷикистон аз афзоиши 15-дарсадии тавлидоти саноатии ин кишвар дар 11 моҳи соли ҷорӣ хабар доданд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, мақомҳои иқтисодии Тоҷикистон аз афзоиши беш аз 312-миллиондолларии тавлидоти саноатии Тоҷикистон дар 11 моҳи соли ҷорӣ дар муқоиса бо муддати мушобеҳи соли гузашта хабар доданд. Масъулони тоҷик ин оморро дар ҷараёни боздиди Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе аз Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Душанбе-2017 эълом карданд.

Тайи 11 моҳи нахусти соли ҷорӣ ширкатҳои Тоҷикистон беш аз ду миллиарду 22 миллиону 624 ҳазор сомонӣ даромад доштанд, ки дар муқоиса бо соли гузашта ду миллиарду 755 миллион сомонӣ бештар аст. Аз соли 2015 то имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 820 ширкати саноатӣ ва беш аз 20 ҳазор шуғли ҷадид барои сокинони ин кишвар эҷод шудааст. Дар Намоишгоҳи Душанбе-2017 маҳсулоти тавлидии беш аз 50 ширкати дохилии Тоҷикистон, аз ҷумла нассоҷӣ, мошинолот, ғизоӣ, сохтмонӣ, пластика, маводи алюминӣ, колоҳои чармӣ, либос, кафш ва ҷавоҳирот ба намоиш гузошта шуд.