Декабр 20, 2017 16:52 Asia/Dushanbe
  • Рушди равобити иқтисодии Тоҷикистон бо Узбакистон

Равобити иқтисодии Тоҷикистон бо Узбакистон раванди рӯ ба рушде доштааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, бар асоси омори расмии давлати Тоҷикистон дар бораи мизони содироту воридот, муомилоти иқтисодии Тоҷикистон бо Узбакистону Қазоқистон беш аз соири кишварҳои хориҷӣ будааст .

Бар асоси ин омор, дар 11 моҳи ибтидои соли ҷорӣ, гардиши молии миёни Тоҷикистону Узбакистон беш аз 110 миллион доллар будааст, ки рушди 85 дарсадиро нишон медиҳад .

Равобити Тоҷикистону Узбакистон дар даврони раёсатҷумҳурии Ислом Каримов дар сатҳи поине буд, вале бо рӯи кор омадани Шавкат Мирзиёев дар Узбакистон, ин раванд ислоҳ ва рушди равобити Тошканду Душанбе аз шитоби бештаре бархурдор шуд .