Декабр 20, 2017 19:01 Asia/Dushanbe
  • Эҳтимоли содироти барқи Тоҷикистон ба Узбакистон аз тобистони 2018

Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон аз эҳтимоли содироти барқи ин кишвар дар тобистони соли оянда ба Узбакистон хабар дод.

Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар суханоне дар парлумони кишвар аз эҳтимоли содироти барқ дар тобистони соли оянда ба Узбакистон хабар дод .

Вай бо ишора ба хуруҷи Душанбе аз шабакаи воҳиди энержии Осиёи Марказӣ дар ноябри соли 2009 гуфт: Системаҳои энержии Тоҷикистону Узбакистон таи ин муддат бо тағйироти қобили таваҷҷуҳе рӯ ба рӯ шуданд .

Ин мақоми тоҷик дар идома афзуд: Имрӯза Тоҷикистону Узбакистон ба таври ҷиддӣ алоқаманд ба барқарории шабакаи воҳиди энержӣ дар минтақа мебошанд .

Вай дар ин росто, эҳдоси хутути 60 километрии интиқоли барқ аз сӯи Узбакистон, ки ҷануби ин кишварро ба Тоҷикистон муттасил мекунадро зарурӣ донист .

Усмонзода тасреҳ кард: Соли 2017 дар Тоҷикистон монанди соли гузашта беш аз 18 миллиард киловатт соат барқ тавлид шуда, ки имкони таъмини энержии саросари кишвар бидуни эъмоли ҳеч навъ маҳдудиятеро фароҳам кардааст .

Вай гуфт: Масрафкунандаи аслии энержии Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир ҷамъияти  кишвар мебошад .