Декабр 21, 2017 10:57 Asia/Dushanbe
  • Як устоди забони форсӣ: Забони тоҷикиро аз вожаҳои русӣ пок кунед

Устоди забони форсӣ ва раиси гурӯҳи омӯзиши забонҳои эронӣ дар Пажӯҳишгоҳи кишварҳои Осиё ва Африқо дар Маскав хостори поксозии забони тоҷикӣ аз вожаҳои русӣ шуд.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, доктор Владимир Иванов гуфтааст, тафовут миёни забонҳои форсӣ, дарӣ ва тоҷикӣ дар муқоиса бо иштирокоти онҳо хеле ночиз аст ва гӯяндагони ин се забон ба роҳатӣ ва бидуни мутарҷим ҳарфи якдигарро мефаҳманд.

Вай идома дод: “Чун давлатҳои Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон забони расмии ин се кишвари форсизабонро форсӣ, дарӣ ва тоҷикӣ эълом кардаанд, мо маҷбурем ин муқарраротро муроот кунем”.

Доктор Владимир Иванов изҳор дошт: “аз назари мо дар забони тоҷикӣ калимот ва вожаҳои русии зиёде вуҷуд дорад, ки бояд барои ин вожаҳо ҷойгузин пайдо шавад”.

Ба гуфтаи вай, дар ин замина донишмандони тоҷик бояд аз таҷрибаи Фарҳангистони забон ва адаби форсии Эрон, ки вожаҳои ҳамгуни форсиро ҷойгузини калимоти бегона мекунад, истифода кунанд ва барои ҷойгузинии вожаҳои русӣ таҷрибаи ононро мавриди истифода қарор диҳанд.