Декабр 21, 2017 12:53 Asia/Dushanbe
  • Таъхир дар тасвиби як тавофуқнома бо Бонки Ҷаҳонӣ дар Парлумони Тоҷикистон

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тарҳи тасвиби тавофуқномаи "Тақвияти таъсисоти зербиноӣ барои муқобила бо ҳаводиси табиӣ"-и ин кишвар бо Бонки Ҷаҳониро ба таъхир андохт.

Ба гузориши сомонаи Парлумони Тоҷикистон, Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон ҳангоми баррасии ин тарҳ гуфтааст, нахуст бояд вазоратхонаҳо ва кумитаҳои давлатии масъул дар бахши обхездорӣ ва таҳкими соҳилҳои рӯдхонаҳои ин ҷумҳурӣ (соҳилмустаҳкамкунӣ), дар бораи наҳваи ҳазина кардани манобеи молии қаблӣ гузориш диҳанд.

Вай таъкид кардааст, ҳамасола аз маҳалли будҷаи давлати Тоҷикистон барои обхездорӣ ва таҳкими соҳилҳои рӯдхонаҳо миллионҳо сомонӣ ҳазина мешавад, аммо селоб дар фасли баҳор дубора ин таъсисотро хароб мекунад.

 Аз ин рӯ, то ба ҳол масъулони вазоратхонаҳо ва кумитаҳои давлатии масъул дар бахши обхездорӣ ва таҳкими соҳилҳои рӯдхонаҳои ин кишвар дар ин маврид тавзеҳ надодаанд.

 Ба гуфтаи Зуҳуров, ба иллати муҳим будани посухи ин масъулон дар мавриди наҳваи ҳазина кардани манобеи молии солҳои қабл, тасвиби ин тавофуқнома ба таъхир меафтад.

Вай гуфтааст, Бонки Ҷаҳонӣ барои тарҳи ҷадиди “Тақвияти таъсисоти зербиноӣ барои муқобила бо ҳаводиси табиӣ” дар Тоҷикистон 50 миллион доллар ихтисос дода, ки ниме аз он кумаки бебозгашт аст.

Меҳринисо Ҷонмуҳаммадова, муовини вазири молияи Тоҷикистон дар нишасти Маҷлиси намояндагони ин кишвар гуфтааст, бар асоси ин тарҳ бояд тайи панҷ сол дар вилояти Бадахшон сохти 18 пули иртиботӣ ва дар вилояти Хатлон таҳкими савоҳили рӯдхонаҳо ба тӯли 31 километр анҷом шавад.