Баргузории чаҳордаҳумин нишасти Ҳизби демократи Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i27249-Баргузории_чаҳордаҳумин_нишасти_Ҳизби_демократи_Тоҷикистон
Чаҳордаҳумин нишасти Ҳизби демократи Тоҷикистон имрӯз (шанбе), 23-юми декабр дар “Гранд ҳотел”-и шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Декабр 23, 2017 11:51 Asia/Dushanbe
  • Баргузории чаҳордаҳумин нишасти Ҳизби демократи Тоҷикистон

Чаҳордаҳумин нишасти Ҳизби демократи Тоҷикистон имрӯз (шанбе), 23-юми декабр дар “Гранд ҳотел”-и шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Ба гузориши “Азия плюс”, дар ин нишаст 120 намояндаи ин ҳизб аз тамоми манотиқи Тоҷикистон ва 50 меҳмон ҳузур хоҳанд дошт.

 Интихоби раиси ҷадиди Ҳизби демократи Тоҷикистон мавзӯи аслии ин нишаст хоҳад буд, ки Шӯрои сиёсии ҳизб пешниҳод додааст ин ҷойгоҳро ба Саидҷаъфар Усмонов, раиси феълии ҳизб ва вакили Парлумони Тоҷикистон вогузор кунанд.

Як журналист ва муҳаққиқи шинохтаи тоҷик мегӯяд, авоили солҳои 1990 демократҳои тоҷик на танҳо демократ буданд, балки дар онҳо хусусиёти сотсиалист, либерал ва муҳофизакорон низ дида мешуд.

 Иброҳим Усмонов муътақид аст, аммо роҳбурди имрӯзи Ҳизби демократи Тоҷикистон ба барномаҳои Ҳизби ҳокими халқӣ- демократии Тоҷикистон наздик шуда ва дигар демократҳои тоҷик мухолифи ҳукумати вақт нестанд. Балки бештар ба онҳо метавон ҷиноҳи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон гуфт.

Иброҳим Усмонов мутмаин аст, ки агар дар нишасти Ҳизби демократи Тоҷикистон шахси дигаре ҷойгузини Саидҷаъфар Усмонов, раиси феълӣ шавад, дар ояндаи наздик монеи фаъолияти ин ҳизб хоҳад шуд.

Ҳизби демократи Тоҷикистон соли 1991 таъсис шуд ва аввалин раиси он Шодмон Юсуф буд.

Баъд аз имзои Созишномаи сулҳ миён тоҷикон, раҳбарии ин ҳизбро Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ба ӯҳда гирифт.

Дар поёни соли 2006, пас аз он ки Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ба 23 сол зиндон маҳкум шуд, Масъуд Собиров ба раёсати Ҳизби демократи Тоҷикистон мансуб шуд ва баъд аз он ҳизб ба ду ҷиноҳ тақсим шуд, ки якеро Саидҷаъфар Усмонов ва дигареро Раҳматуллоҳ Валиев раҳбарӣ мекарданд.

 Дар ҷаласаи фавқуллодаи Ҳизби демократи Тоҷикистон дар моҳи декабри соли 2012 Саидҷаъфар Усмонов ба унвони раиси ин ҳизб интихоб шуд ва то кунун дар ин мақом қарор дорад.

Ҳизби демократи Тоҷикистон ҳудуди 20 ҳазор узв дорад.