Август 21, 2016 16:17 Asia/Dushanbe
  • Қаҳрамонии Хуршед Маҷидов дар мусобиқоти ҷудо дар Русия

Ҷудокори ҷавони тоҷик медали тиллои Ҷоми мири шаҳри Иркутски Русияро ба даст овард.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, ба нақл аз расонаҳои Тоҷикистон, Хуршед Маҷидов, паҳлавони тоҷик дар мусобиқаҳои ҷудои Ҷоми мири шаҳри Иркутски Русия (20 август) дар вазни 100+ килограм бо шикаст додани ҳамаи ҳарифони худ аз Русия, Муғулистон, Ҷопон ва Қазоқистон, соҳиби медали тилло ва мақоми қаҳрамонӣ шуд.

Хуршед Маҷидов дар финал ҳарифи қазоқи худро дар 10 сония мағлуб кард.

Дар ин давраи мусобиқот, ки бо ҳузури 321 варзишкор аз 27 кишвар баргузор шуд, илова бар Хуршед, бародараш Ҷаҳонгир Маҷидов низ дар раддаи навҷавонон дар вазни 81 килограм дар даври аввал ҳарифаш аз Қазоқистонро шикаст дод ва дар даври дуввум аз ҷудокори ҷопонӣ шикаст хурд.

Дар ин вазн варзишкори дигари тоҷик Яъқубҷон Назиров низ, ки барои Русия мусобиқа медод, мақоми сеюмро ба даст овард.