Эътимоди 70 дарсади шаҳрвандони Тоҷикистон ба Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё
(last modified Tue, 26 Dec 2017 05:54:31 GMT )
Декабр 26, 2017 10:54 Asia/Dushanbe
  • Эътимоди 70 дарсади шаҳрвандони Тоҷикистон ба Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё

Дар Тоҷикистон, ки узви Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё нест, 69 дарсад аз шаҳрвандон ба ин созмони иқтисодӣ этимод доранд.

Ба иттилои Бонки тавсеъаи авруосиёӣ, аз 50 то 83 дарсад аз шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё ба ин созмони иқтисодӣ эътимод доранд.

Коршиносони Бонки тавсеъаи авруосиёӣ эълом кардаанд, ин таҳқиқ нишон медиҳад, шаҳрвандони Тоҷикистон умедворанд, то бо пайвастани кишварашон ба ин иттиҳодия аз имтиёзоту тасҳилоте, ки дар Русия барои атбои кишварҳои узви ин ниҳоди ҳамгароӣ дар заминаи маофият аз пардохти ҳазинаи дарёфти иҷозатномаи кору иқомат ва ҳаракати озодона дар қаламрави ин кишвар эъто шудааст, бархурдор шаванд.

Бештарин эътимодро ба ҳамсоягон шашумин сол пушти сари ҳам мардумони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон доранд, ки мутаносибан 95 дарсад, 94 дарсад ва 90 дарсад аз шаҳрвандонашон бар ин назар ҳастанд.

Мақомоти Тоҷикистон дар бораи пайвастани кишвар ба Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё мегӯянд, ки дар ҳоли баррасии ин мавзуъ ҳастанд.

Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё шомили 7 кишвар, аз ҷумла Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия аст.