Декабр 27, 2017 12:06 Asia/Dushanbe
  • Номаи саркушодаи коргарони муҳоҷири тоҷик ба раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон

Гурӯҳе аз фаъолони мавсум ба “Ахбор барои афкор” дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук бо ирсоли номаи саркушодае ба раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон хостори мусоидати вай барои лағви тасмими Хадамоти иртиботот ва мухобироти ин кишвар шуданд.

Ба гузориши корбарони сафҳаи ин гурӯҳ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук, дар ин нома аз Эмомалӣ Раҳмон дархост шудааст, қатъи канали иртиботии NGN, ки танҳо роҳи иртиботи арзони садҳо ҳазор коргари муҳоҷири тоҷик дар Русия бо хонаводаҳояшон дар Тоҷикистон астро лағв кунад.

Дар ин нома таъкид шудааст, бо қатъи канали иртиботии NGN акнун бар асоси нархномаи тамосҳо аз дохили Русия ба Тоҷикистон, қимати ҳар дақиқаи муколима афзоиш 19 баробарӣ нисбат ба қабл барои ҳар муштарӣ доштааст.

Қимати ҳар дақиқаи тамос аз Русия ба Тоҷикистон барои коргарони муҳоҷири хориҷӣ 13 сент муҳосиба мешавад, ки тайи як сол барои як миллион нафар аз коргарони тоҷикистонӣ ин ҳазина як миллиону 560 ҳазор доллар хоҳад шуд, ки ба буҷети давлатии Русия ворез мешавад.

 Аз ин рӯ, аз раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост шудааст, бо лағви дастури Хадамоти иртиботот ва мухобироти ин кишвар дар заминаи қатъи канали иртиботии NGN, заминаи тамосҳои арзони коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия бо хонаводаҳояшонро дубора фароҳам созад.

Ҳафтаи қабл Бек Сабурӣ, раиси Хадамоти иртиботот ва мухобироти Тоҷикистон ба баҳонаи таъмини амнияти миллии кишвар канали иртиботии NGN - ро қатъ кард ва акнун талош мекунад дар мавриди каналҳои иртиботии Viber, Whats App , Telegram ва Imo низ иқдоми мушобеҳ кунад.