Даргузашти вазири фарҳанги пешини Тоҷикистон
Декабр 27, 2017 12:27 Asia/Dushanbe
Маросими ба роҳи охират гусел кардани Холмурод Шарифов, вазири фарҳанги пешини Тоҷикистон имрӯз (чаҳоршанбе) дар масҷиди маҳаллаи Калинини шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Ӯ рӯзи гузашта, 26-уми декабр дар синни 91-солагӣ даргузашт.
Ин шахсияти фарҳангии тоҷик солҳои тӯлонӣ дар Ҳукумати Тоҷикистони Шӯравӣ ба унвони вазири фарҳанг ва раиси Кумитаи табъу нашр фаъолият ва осори адабию илмии зиёдеро таълиф кардааст. Салими Аюбзод, рӯзноманигори саршиноси тоҷик дар сафҳаи шахсияш дар “Фейсбук” аз Холмурод Шарифов ба унвони ҳомии забон ва адабиёти миллии тоҷикон дар даврони шӯравӣ ёд кардааст.