Декабр 28, 2017 09:55 Asia/Dushanbe
  • Номаи ҷавони тоҷики узви ДИИШ аз зиндони Ироқ

Як ҷавони 28 солаи сокини ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе тавассути созмони “Салиби Сурхи Ҷаҳонӣ” бо ирсоли номае ба хонаводааш аз зинда будан ва нигаҳдориаш дар зиндоне дар Ироқ хабар дод.

Ба гузориши сомонаи “ТОП ТҶ”, кормандони дафтари созмони “Салиби Сурхи Ҷаҳонӣ” дар Душанбе номаи Адҳам Олимовро пас аз чаҳор соли бехабарии хонаводааш аз ҳоли вай, ба волидайни ин шаҳрванди Тоҷикистон расонидаанд, ки ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи террористии ДИИШ акнун дар Ироқ зиндонӣ мебошад.

Волидайни Адҳам Олимов гуфтаанд, ки ӯ дар соли 2013 барои пайдо кардани кор ба Русия рафт ва онон дигар аз ҳоли писарашон хабар надоштанд.

Онон дар соли 2014 навореро дар шабакаҳои иҷтимоӣ мушоҳида кардаанд, ки телевизиони давлатии Ироқ аз лаҳзаи бозҷӯии Адҳам пахш карда буд ва дар он ӯ эътироф мекард, ки аз тариқи Туркия вориди хоки Ироқ шудаву ба гурӯҳи террористии ДИИШ пайвастааст.

Хонаводаи Адҳам Олимов акнун, ки вай номае аз зинда будани худ тавассути созмони “Салиби Сурхи Ҷаҳонӣ” ба онон расонидааст, бисёр хушҳоланд ва талош доранд, ки ӯ ба Тоҷикистон истирдод шавад, аммо мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, ки ин кишвар дар Ироқ сафорат надорад ва миёни Душанбеву Бағдод низ созишномаи истирдоди муҷримон имзо нашудааст.

Аз ин рӯ, талош мекунанд, ки аз тариқи сафорати Ироқ дар Қазоқистон сарнавишти Адҳам Олимовро пайгирӣ кунанд.

Волидайни Адҳам Олимов мегӯянд, агар писарашон ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи ДИИШ зиндонӣ ҳам шавад, беҳтар аст, ки дар кишвари худ давраи маҳкумиятро бигзаронад.

Мақомоти амниятии Тоҷикистон аз пайвастани як ҳазору 140 шаҳрванди ин ҷумҳурӣ ба гурӯҳи террористии ДИИШ дар Сурия ва Ироқ хабар додаанд, ки 300 нафар аз онон дар даргирӣ бо артишҳои Ироқу Сурия кушта шудаанд.

Бо ин ҳол аз сарнавишти теъдоде аз ин ҷангҷӯён ва хонаводаҳои онон, ки таҳти таъсири таблиғоти гурӯҳи террористии ДИИШ ба Сурияву Ироқ рафтаанд, иттилои дақиқе дар даст нест.