Декабр 30, 2017 10:22 Asia/Dushanbe
  • Соли 2018 – “Соли рушди гардишгарӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар Тоҷикистон

Раисҷумҳурии Тоҷикистон бо судури фармоне соли ҷадиди 2018-ро дар ин кишвар “Соли рушди гардишгарӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълом кард.

Ба гузориши дафтари матбуотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ҳадаф аз ин номгузориро рушди бахши гардишгарӣ, саноеи дастӣ ва ҳунарҳои мардумӣ унвон кардааст.

Бар ин асос, дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон муваззаф шудааст тайи муддати як моҳ барномаҳои таъмини иҷрои ин фармонро барои соли ҷадиди 2018 дар ин кишвар тадвин ва ироа кунад.

Аз ин рӯ, аз тамоми вазоратхонаҳо, созмонҳои давлатӣ ва идорот хоста шудааст, имконот ва зарфиятҳои худро барои фароҳамсозии заминаи рушди бахши гардишгарӣ, саноеи дастӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар соли 2018 дар Тоҷикистон ба кор гиранд.

 Соли 2017 низ дар Тоҷикистон “Соли ҷавонон” номгузорӣ шуда буд.