Январ 03, 2018 11:00 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи фази нахусти корхонаи “Нуриҳои Азот”- и шаҳри Сарбанд

Мудири корхонаи тавлиди куди шимиёии шаҳри Сарбанд (собиқ корхонаи Нуриҳои Азоти Вахш) дар вилояти Хатлони Тоҷикистон аз ифтитоҳи фази аввали ин марказ дар поёни се моҳи нахусти соли ҷорӣ хабар дод.

Ба гузориши сомонаи “Авесто”, Файзиддин Раҳмонов гуфтааст, дар ҳоли ҳозир мутахассисони тоҷик ва чинӣ машғули насби таҷҳизоти воридотӣ аз Чин ҳастанд.

 Вай саҳми молии Тоҷикистон ва Чинро дар ин корхона баробар (50 дарсад) эълом кард ва афзуд, ширкати чинӣ мутааҳҳид шудааст бо ҳазинаи 360 миллион доллар корхонаи “Нуриҳои Азот”-и кимиёии шаҳри Сарбандро роҳандозӣ кунад.

Бозсозии комили таҷҳизоти корхона ин имконро медиҳад, ки барои беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ҷойи кор эҷод шавад.

Корхонаи “Нуриҳои Азот”-и шаҳри Сарбанд танҳо маркази санъатӣ аз навъи худ дар Тоҷикистон ба ҳисоб меояд, ки пас аз фурӯпошии Шӯравӣ ба иллати вогузорӣ ба бахши хусусӣ ва камбуди гази табиӣ аз кор бозмонд.

Барои роҳандозии дубораи ин корхона дар моҳи декабри соли 2016 Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тавофуқномаи бозсозии ин маркази тавлидиро бо як ширкати чинӣ тасвиб кард.

 Тавони тавлиди куди шимиёӣ дар ин корхона дар марҳалаи нахуст 350 ҳазор тон ва дар марҳалаи дувум ба 500 ҳазор тон хоҳад расид.

Бо тағйири корбарии таҷҳизот дар корхонаи “Нуриҳои Азот”-и шаҳри Сарбанд солона 500 ҳазор тон ангишт ба унвони сӯхт истифода хоҳад шуд.