Январ 03, 2018 12:09 Asia/Dushanbe
  • Авзои иқтисодии Тоҷикистон дар соли 2017 аз дидгоҳи коршиноси рус

Аркадий Дубнов, коршиноси руси масоили Осиёи Марказӣ муътақид аст, дар соли 2017 иқтисоди Тоҷикистонро даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ аз Русия ва вомҳои молии Чин наҷот дод.

Ба гузориши хабаргузории Фарғона, вай дар таҳлили авзои иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соли 2017 гуфтааст, ирсоли як миллиарду 900 миллион доллар даромади молии коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия тайи 9 моҳ ва дарёфти вомҳои ҷадиди молӣ аз Чин, иқтисоди Тоҷикистонро аз варшикастагӣ наҷот дод.

Ба гуфтаи ин коршинос, ҳарчанд дар соли 2017 бо афзоиши фишор бар фаъолони бахши хусусӣ, бар асоси омори расмӣ 200 ҳазор нафар муҷаввизи фаъолияти худро пас доданд ва бонкҳои Тоҷикистон бо буҳрони шадиди камбуди манобеи молӣ дасту панҷа нарм карданд, гумон меравад ин вазъият дар соли 2018 идома дошта бошад.

Ба таври ҳамзамон қазҳои хориҷии Тоҷикистон дар соли 2017 аз ду миллиарду 803 миллион доллар фаротар рафтааст, ки бахши умдаи он мутааллиқ ба Бонки давлатии воридот ва содироти Чин аст.

Аз ин рӯ, Тоҷикистон барои бозпардохти ин қарзҳо теъдоде аз конҳои тилло ва филизоти рангии худро дар ихтиёри ширкатҳои чинӣ қарор додааст.

Аркадий Дубнов гуфтааст, дар соли 2017 бо вуҷуди фишорҳои Русия Ҳукумати Тоҷикистон ҳеҷ тамоюле барои пайвастани ин кишвар ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё нишон надод.