Январ 03, 2018 12:48 Asia/Dushanbe
  • Оғози барномаҳои соли “Рушди гардишгарӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар Тоҷикистон

Бо баргузории нишасте дар Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, барномаҳои вижаи ин сол оғоз шуд.

Ба гузориши “Ховар”, Нуъмон Абдуғаффорзода, раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон дар ин нишаст гуфт: "Пайрави дастури раисҷумҳурӣ тасмим гирифтем барномаҳои вижаи ин солро бо тарҳи “Ошноии кӯдакон бо маконҳои дидании шаҳри Душанбе” оғоз кунем".

Эмомалӣ Раҳмон соли 2018-ро ба унвони “Соли рушди гардишгарӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” номгузорӣ карда буд.

Иқдоми баъдии Кумитаи рушди гардишгарӣ барномаи кӯҳнавардии гурӯҳе аз донишҷӯёни омӯзишгоҳи ҳирфаии Хадамоти гардишгарии Тоҷикистон дар манотиқи кӯҳистонии ноҳияи Варзоб эълом шуд.

93 дарсади қаламрави Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, ки ин масъала муҷиби ҷазби гардишгарони дохилӣ ва хориҷӣ барои боздид аз ин манотиқ мешавад.

Ҳукумати Тоҷикистон соли гузашта барномаи баландмуддати рушди гардишгариро таҳия кард, ки аз аҳдофи он боздиди беш аз як миллион гардишгари хориҷӣ аз манотиқи таърихӣ ва дидании ин кишвар то соли 2020 аст.