Январ 04, 2018 14:23 Asia/Dushanbe
  • Пешниҳоди Ӯзбакистон: Барқарории парвоз аз Тоҷикистон ба Самарқанд ва Бухоро

Ширкати ҳавоии “Роҳҳои ҳавоии Ӯзбакистон” пешниҳод додааст, Тоҷикистон парвозҳои ҷадидеро аз Душанбе ба Самарқанд ва Бухоро барқарор кунад.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, мақомҳои тоҷик дар ҳоли баррасии пешниҳоди Тошканд ҳастанд ва натиҷаро ба зудӣ эълом хоҳанд кард.

Ширкати ҳавоии “Роҳҳои ҳавоии Ӯзбакистон” дар моҳи ноябр хабар дода буд, ки қимати парвозҳо ба Тоҷикистонро боз ҳам коҳиш додааст.

Аз моҳи ноябри соли гузашта қимати парвози яктарафаи Душанбе- Тошканд 676.5 сомонӣ ва парвози дутарафаи Душанбе-Тошканд-Душанбе 1353 сомонӣ таъйин шуд.