Вокуниши мақоми тоҷик ба ворид шудани Тоҷикистон дар “феҳрасти сиёҳ”-и Амрико
Мақоми тоҷик ба иқдоми Амрико дар дохил кардани Тоҷикистон ба “феҳрасти сиёҳ”-и кишварҳои нақзкунандаи озодиҳои мазҳабӣ вокуниш нишон дод.
Ба гузориши манобеи хабарии тоҷикӣ, Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин ва танзими расму оинҳои Тоҷикистон рӯзи ҷумъа дар вокуниш ба ин иқдоми Амрико гуфт, гузориши Вазорати умури хориҷии Амрико дар бораи нақзи озодиҳои динӣ ва ҳуқуқӣ бар асоси ахбори расонаҳои ҷамъӣ омода шуда ва аз воқеият дур аст. Раиси Кумитаи дин ва танзими расму оинҳои Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, коршиносони ин ниҳод мавориди зикршударо баррасӣ карда, назари расмӣ эълом хоҳад шуд.
Стандартҳои дугонаи кишварҳои ғарбӣ, бахусус Амрико дар заминаи нақзи озодиҳои динӣ борҳо бо эътирози дигар кишварҳо рӯ ба рӯ шудааст.
Вазорати умури хориҷии Амрико рӯзи панҷшанбе Тоҷикистонро дар канор 10 кишвар, аз ҷумла Эрон, Узбакистон ва Туркманистон ба феҳрасти кишварҳои мавриди нигаронии хоси Вашингтон дар бораи нақзи озодиҳои динӣ ворид кард.