Январ 06, 2018 10:30 Asia/Dushanbe
  • Ифшои мизони дороиҳои раиси пешини ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон

Маркази байналмилалии таҳқиқи фасоди молӣ ва ҷиноёти созмонёфта (OCCRP, Organized Crime and Corruption Reporting Project) натоиҷи пажӯҳиши худ дар бораи амволу дороиҳои Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ, раиси пешини ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон ва хонаводаашро дар хориҷ аз кишвар мунташир кард.

Ба гузориши сомонаи Фарғона, аз соли 2012 хонаводаи раиси пешини ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон дар ҷумҳурии Чехия барои хариди шаш макон, аз ҷумла амволи ғайриманқул, 10 миллиону 600 ҳазор доллар ҳазина кардаанд.

Ин амвол шомили ду манзили маскунии муҷаллал ва чаҳор сохтмони дигар аст, ки дар ду минтақаи тафреҳӣ ва гардишгарии ҷумҳурии Чехия воқеъ шудаанд.

Ҳарчанд пештар Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ доштани амволу дороӣ дар хориҷ аз кишварро такзиб карда буд, аммо созмони ёдшуда эълом кардааст, манзили маскунии дигаре мутааллиқ ба ӯро ба арзиши як миллиону 100 ҳазор доллар дар шаҳри Маскав шиносоӣ кардааст.

Ин созмон барои исботи иддаоҳои худ дар бораи вуҷуди амволу дороиҳои хонаводаи Амонуллоҳ Ҳукуматуллоҳи 66 сола дар хориҷ аз Тоҷикистон, нусхаи қарордодҳои хариду фурӯши амволи ғайриманқули вайро мунташир кардаааст.

Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ дар феврали соли 2014 пас аз чанд моҷаро, аз ҷумла боздошти Рустам, писари бузургаш дар Маскав бо 9 кило ҳероин ва мушорикати Расул, писари дувумаш дар як ҳодисаи ронандагии шабона дар шаҳри Душанбе, ки се кушта бар ҷой гузошт, аз симмати раиси ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон истеъфо дод.

Маркази байналмилалии таҳқиқи фасоди молӣ ва ҷиноёти созмонёфта таъкид кардааст, Амина Мусоева, ҳамсари Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ ҳам молики як ширкати фурӯши таслеҳоти Русия ва як ширкати сохтмонсозӣ дар шаҳри Душанбе аст.