Рақобати нобаробар дар иқтисоди Тоҷикистон ба зиёни бахши хусусӣ аст
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i28053-Рақобати_нобаробар_дар_иқтисоди_Тоҷикистон_ба_зиёни_бахши_хусусӣ_аст
Баррасии авзои иқтисоди Тоҷикистон дар соли гузашта (2017), нишон медиҳад, ки додани имтиёз ба бархе ширкатҳои наздик ба мақомоти ҳукуматӣ ва фишорҳои ошкору пинҳон ба рақибони онон, мӯҷиби варшикастагии соири ширкатҳо мешавад, ки дар ниҳоят теъдоди афроди бекорро афзоиш медиҳад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Январ 07, 2018 11:09 Asia/Dushanbe
  • Рақобати нобаробар дар иқтисоди Тоҷикистон ба зиёни бахши хусусӣ аст

Баррасии авзои иқтисоди Тоҷикистон дар соли гузашта (2017), нишон медиҳад, ки додани имтиёз ба бархе ширкатҳои наздик ба мақомоти ҳукуматӣ ва фишорҳои ошкору пинҳон ба рақибони онон, мӯҷиби варшикастагии соири ширкатҳо мешавад, ки дар ниҳоят теъдоди афроди бекорро афзоиш медиҳад.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, бар асари фишорҳои мухталиф дар соли 2017 беш аз 205 ҳазор нафар аз фаъолони бахши хусусӣ муҷаввизи худро пас додаанд, ки ба маънеи бекор шудани ин афрод ва пайвастани онон ба сафҳои бекорон дар ин кишвар мебошад.

Агар яке аз омилҳои ин нобасомонӣ вуҷуди таҳқиқ ва тафаҳҳуси ниҳодҳои назоратӣ бар фаъолияти бахши хусусӣ, суд болои вомҳои бонкӣ, мизони бисёр болои молиёт ва аворизи гумрукӣ бошад, аз сӯи дигар эътои имтиёзҳои мухталиф ба ширкатҳои наздик ба мақомоти ҳукуматӣ монеи рушди ин бахш мешавад, ки дар ниҳоят бо варшикастагии теъдоде аз воҳидҳои тавлидӣ ҳамроҳ хоҳад буд. Ҳоҷӣ Муҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, ки дар Тоҷикистон ба бархе аз ширкатҳои хусусӣ ва бавижа корхонаҳои муштарак бо Чин, имтиёзҳои молии зиёде, назири муофияти гумрукӣ ва пардохти молиёт эъто мешавад, ки дар зоҳир барои ворид кардани фанновариҳои ҷадид муҳим аст. Аммо ҳамзамон бо ин иқдом фишорҳои мухталиф назири таҳқиқ ва тафаҳҳус ба дигар ширкатҳои рақиб афзоиш меёбад, ки дар аксар маворид бо варшикастагии ин ширкатҳо ҳамроҳ мебошад.

Аз дидгоҳи Ҳоҷӣ Муҳаммад Умаров мебоист, ҳукумат барои рушди иқтисоди Тоҷикистон миёни ширкатҳои фаъол дар ин кишвар табъиз қоил набошад ва фаъолони бахши хусусиро ба худӣ ва бегона ҷудо накунад. Бо идомаи ин навъ бархӯрд бо фаъолияти бахши хусусӣ дар Тоҷикистон, имкони ҳалли мушкили бекорӣ дар солҳои наздик вуҷуд надорад ва бидуни роҳандозии корхонаҳои ҷадид ва иштиғолзоӣ, умедвор будан ба рушди иқтисодии ин кишвар низ иштибоҳ аст.